БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Баҳри пешвоз гирифтани амир Олимхон дар деҳа тайёрӣ медиданд, ҳама интизори меҳмони олиқадр, хурду калон дар ташвишу таҳлука. Ҳоҷимаҳмуд мисли соҳибхона буда дар деҳа. Бо маслиҳати ӯ баҳри истиқболи меҳмон омода мегаштанд. Бо фармони ӯ аз тамоми хонаҳои аҳли деҳа лаълиҳои зебои биринҷӣ ва нуқрагин ҷамъ оварда шуда. Барои иваз ва гум нашудани онҳо худи Ҳоҷимаҳмуд бо хати зебояш паси ҳар лаълӣ ному насаби соҳиби онро сабт менамуд. Чанде аз он лаълиҳо мисли шоҳиди он рӯзи ба деҳаи мо ташриф овардани амир Олимхон ҳанӯз дар баъзе хонаҳо мавҷуданд. Лаълиҳои аз он рӯз монда шоҳиди дар ин олам будани охирин подшоҳи сулолаи манғитиҳо амир Олимхон. Шоҳиди зинда будани соҳиби хати паси онҳо Ҳоҷимаҳмуд. Шоҳиди зиндагии ҳамдеҳагони онрӯзаи мо. Дар хонаи мо низ аз он лаълиҳо нишонае мавҷуд монда. Лаълии зарди зебои биринҷие. Паси он бо хати зебои Ҳоҷимаҳмуд номи падарам – эшони домулло Мирзо навишта шуда.
Амир Олимхон бо аҳли рикобаш ба деҳаи Нилкон омадааст. Савори аспи сафед буда амир. Аспи сафеди зебое. Узангуҳо тиллоӣ, зин, аилу пуштанг, ҷул ва гиргиҳоро ҳазор нақшу нигор, зардузӣ. Мардум он хел аспи фарбеҳи калони хушнамудро гӯё ҳаргиз надида будаанд. Масҷиди деҳа мисли рӯзҳои мо чунин дарвозаи дутабақаи боҳашамат надошта, ки он соли гузашта – соли 2003 бо ҳидояти Сафири Кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Носир Сармади Порсо бо маблағи зиёде сохта шудааст. Панҷараи чӯбине буда пеш ҷои дарвоза. Он баланд набуда. Одамон аз болояш гузашта вориди масҷид мешуданд ё аз он берун мерафтанд. Дар ёдам монда, ки он панҷараи чӯбинро чӯббандии масҷид ҳам мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё