БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Беруни чӯббандӣ, кӯчаю паскӯча, роҳу роҳравҳои деҳа пур-пури одам, аробаю маркаб, улавҳои аҳли рикоби амир. Ёд надоштаанд мардум, ки онрӯза барин деҳаи мо ягон вақте ин қадар сермеҳмону серодам шуда. Воқеаи муҳимми таърихӣ рӯй дода. Амир Олимхон меҳмонашон. Хурду калон, пиру ҷавон, зану мард дар ташвишу дар таҳлука.
Ҳама меҳмондор. Ҳоҷимаҳмуд – пешвои аҳли деҳа. Ӯ меҳмонгузор, хидматфармо, дар бар ҷомаи шоҳии абр, дар сар саллаи пешоварии хело зебо басташуда, марди тануманде қоматбаланд, қавипайкар. Рӯи сабзаю себаргаҳои тару тоза, зери чинорҳои баланди чандинасра меҳмонҳо ҷой ёфта. Манзараи дилнишину дилкушое.
Дар рӯ ба рӯ мақбара – мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф. Хиштҳои деворҳо чун оташпораҳо суп-сурх.
Онҳо аз асрҳои гузашта, аз қисмати хушу нохуши мардумон гӯё ҳикоят мегӯянд, қисса мекунанд. Ҳар хишт шоҳиди он рӯз, шоҳиди меҳмонии амир Олимхон, аҳли рикоби беҳисоби ӯ. Хиштҳо ҳоло ҳикоятгӯи он рӯзи тирамоҳи соли 1921-ум. Амир Олимхон рӯ ба рӯи мақбара истода, бо ҳамроҳон даст ба дуо кушода.
Лек мардум то имрӯз як амали номуносиберо, ки он рӯз ба ақидаи онҳо аз ҷониби амири мамлакат зуҳур гашта будааст, аз хотир намебароранд, дар он айём мавриди гап, норизоии бисёриҳо гашта.
Амир Олимхон ба чӯббандии масҷид расида, пиёда нашуда, ба сағрии асп қамчин меандозад, асп аз болои чӯббандӣ меҷаҳад, амир вориди саҳни масҷид мешавад.
Аз ҷӯйбори саҳни масҷид савора мегузарад, назди мазор, рӯ ба рӯи мақбараи Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф пой аз ӯзангу меканад, қамчини пурнақшунигори тиллокорӣ дар даст аз асп пиёда мешавад. Ин амали амир нисбат ба руҳи бузургвор беҳурматӣ ҳисоб меёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё