Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Чӣ мекунӣ?
– Пеш даро, – Носирхитой милли туфангашро ба
ҷониби Ҳоҷимаҳмуд рост кард. – Роҳ гард!
– Куҷо меравем? – Ҳоҷимаҳмуд бепарвоёна бо Носирхитой гап мезад.
– Пеши ҳамқишлоқиҳоят меравем, ҳамонҳое, ки ту
онҳоро ба ҷонашон расонда будаӣ. Дунё ҳамин хел, акнун навбати онҳо.
– Онҳо бо ман чӣ мекунанд?
– Мекушанд.
– Ба Худо, онҳо маро кушта наметавонанд. Ғайрат
надоранд.
– Худам туро мекушам, баъд тӯй мекунам, зани амакатро мегирам.
– Ба Худо, наметавонӣ. Ман, ман ҳамон Ҳоҷимаҳмуд
ҳастам... – дар як они воҳид Ҳоҷимаҳмуд, чӣ гуна ба
Носирхитой дарафтод, чи гуна камони ӯро аз дасташ
рабуд, Носирхитой сарфаҳм нарафт. Хоб буд ӯ ё бедор?
Намедонист. Ҳоҷимаҳмуд камонро ба як сӯ ҳаво дода
дастони Носирхитойро ба пушт тоб дод, ба хаёлаш, ки
дастонаш шикастанд, устухонҳояш орд шуданд.
Ҳоҷимаҳмуд мисли бало вайро зери дасту панҷаҳояш
кашида буд. Дастони Носирхитойро ӯ бо чилбур
маҳкам баст. Вайро аз дари меҳмонхона ба берун тела
кард. Носирхитой акнун пешандози Ҳоҷимаҳмуд шуда
буд. Чанд лаҳза пеш Носирхитой ба сари Ҳоҷимаҳмуд
фармонфармоӣ ва дар дил чи орзуҳое дошт. Аммо
вазъият дар байни чанд лаҳза тағйир ёфта. Дунё ҳамин
хел. Ҳоло дасти Ҳоҷимаҳмуд боло. Дар берун, дар рӯи
ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд хидматгорҳо, хешовандон, зану
фарзандонаш. Мардум баъди намози аср аз масҷид мебаромаданд. Ҳоло Ҳоҷимаҳмуд сардори як дастаи тавонои йигитҳои Иброҳимбек – Носирхитойро аз назди онҳо, аз кӯчаҳои деҳа мегузаронад.

пешина
аз 182
навбатӣ