БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Камони Носирхитой дар дасти Ҳоҷимаҳмуд, дастони ӯ ба пушт баста шудаанд. Йигитҳояш, душманони Ҳоҷимаҳмуд ҳам мебинанд ин ҳолро.
Носирхитой бо Ҳоҷимаҳмуд саломуалайк буд, аз тавоноӣ, ҷасорати вай ҳикояҳо шунидааст. Рост мегуфтаанд мардум, паҳлавони бемисл, беҳамто будааст ин мард. Носирхитой ба дасти вай ғалтид, мутеаш гашт.
Оқибат чӣ мешуда бошад? Боз чанд лаҳзаи дигар мегузараду бисёр балоҳо ба сари Носирхитой меоянд. Барои ӯ дигар ҷои рафт ва ҷои зист намемонад. Баъди он Ҳоҷимаҳмудро кушаду накушад ҳам, суде намеорад, ба дардаш даво намеёбад. Кош, ба хонаи ӯ намеомад, кош, ба гапи душманони нотавону пастфитрати Ҳоҷимаҳмуд намедаромад. Онҳо беҳуда ба вай суол надода будаанд, ки худаш танҳо ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд меравад? Медонистаанд. Вай аз рӯи нангу номус йигитҳояшро ҳамроҳ нагирифт. Нафаҳмида худро ба ин доми марг – ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд зад. Ба беобрӯю шарманда шудани ӯ лаҳзаҳо монда. Ҳамин ҳоло пешандози Ҳоҷимаҳмуд мешавад. Баъд Худованд ҷонашро ситонад ҳам, халос намеёбад. Чӣ тадбир андешад? Чӣ кунад?
Носирхитой аз остонаи дари меҳмонхона худро ба ақиб, ба дарун кашид, рӯ ба замин, рӯ ба пеши пойҳои Ҳоҷимаҳмуд фиканд худро. Дастонаш бо чилбур баста.
Ягона илоҷе буда ӯро ин ҳол.
– Ҳоҷӣ, акаи ҷон, маро бахш, аз гуноҳам гузар, маро шарманда накун, бо ин ҳол маро аз назди одамон нагузарон, раҳм кун, аз гуноҳам гузар. Маро бубахш, хидмататро ба ҷо меорам, агар хоҳӣ, сари душманҳоятро аз тан ҷудо мекунам, ҳамин ҳоло ҳамин корро ба ҷо меорам, сарашонро оварда пеши пойҳоят мепартоям, чи ки гӯӣ, гуфтаҳоятро ба ҷо мебиёрам, Ҳоҷимаҳмуд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё