Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

маро озод кун, Ҳоҷимаҳмуд, – Носирхитой хоки
пойҳои Ҳоҷимаҳмудро ба дидагон молида нола мекард,
зорию илтиҷо дошт.
– Хез, Носирхитой, ман туро ҳеҷ кор намекунам, туро мебахшам, – гуфт Ҳоҷимаҳмуд.
Ҳоҷимаҳмуд дастони Носирхитойро кушод. Камонашро ба ӯ баргардонд.
– Рав, – фармон дод ба вай, то беруни дарвоза гуселаш карда аз ӯ қатъиян талаб кард, ки бо йигитҳояш аз
деҳа равад, дигар аз Нилкон зан мегирам, гуфтани
гапро ба ёд набиёрад.
Хабари муноқиша, низои байни Ҳоҷимаҳмуд ва Носирхитой дар деҳа бо ҳазор гуна обу ранг ва ҳар навъе
ҳикоят карда мешуд. Мегуфтанд, ки Ҳоҷимаҳмуд
дастҳои Носирхитойро бастааст, қасам додааст, ки дигар ба деҳаи Нилкон қадам нагузорад, корду камонашро гирифтааст, ба гарданаш пулу моли зиёд, халтаҳои тангаю тилло бор кардааст, Носир-хитой талхакаф
шудааст, дигар ёди Нилкон намекардааст. Ва боз баъзеҳои дигар аз рӯи дӯстӣ ин амали Ҳоҷимаҳмудро нораво
ҳисоб кардаанд, «Ҳоҷимаҳмуд беақлӣ кардааст»,
мегуфтанд. Ҷабр ба ҷони худаш. Носирхитой гӯё гуфта
будааст: «Бо Ҳоҷӣ боз вомехӯрам, ҳамин хел рӯз
мебиёяд, мекушам, агар сарашро аз тан ҷудо накунам,
агар ҳамин хел накунам, номам Носирхитой не, зиндагӣ бароям ҳаром, ҷавонмард набошам...», – қасам
хӯрдааст.
Ин гапу ҳарфҳо ба гӯши худи Ҳоҷимаҳмуд ҳам расидааст.
Он рӯз баъди намози бомдод Ҳоҷимаҳмуд аз имомхатиби масҷиди деҳа эшони домулло Мирзо хоҳиш
кард, ки намозхонҳоро нигоҳ доранд.
Эшони домулло аз низои байни Носирхитой ва Ҳоҷимаҳмуд огоҳ буданд.

пешина
аз 182
навбатӣ