Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Носирхитой ҳамон шаби бо Ҳоҷимаҳмуд ҷанг хурда аз Нилкон баромада рафтанаш бо нимчамулло хело сӯҳбат кард. Гуфт, ки оянда дар Нилкон, одами бовариаш, гӯши вай нимчамулло. Гап чинад, чи гапе дар ҳаққи Носирхитой мешунавад, ба ӯ расонад. Чашму ақлу ҳуши вай шавад ва боз таъкид кард, ки имрӯз ҳам ки набошад, фардо, албатта, Носирхитой ба Нилкон бармегардад, Ҳоҷимаҳмудро саришта мекунад, ваъдаи ба нимчамулло додаашро фаромӯш намекунад ва ҳатман имомхатиби масҷид мешавад.
Нимчамулло бо димоғи сӯхта бо хаёлоти зиёд ҷониби кулбааш мешитофт. Ӯ Носирхитойро пайдо намуда ҳамаи гапу ҳарфҳои шунидаашро ба вай мерасонад, огоҳаш мекунад, ки холабачаҳо мардуми қишлоқи Нилконро муқобили ӯ ба по хезонданианд, маслиҳат карданд. Қаҳру ғазаби нимчамулло зиёдтар мешуд.
Домулло Мирзо гӯё ҷои гапгӯӣ, ҷои сиёҳ кардани вайро ёфта. Ҳамаи гапҳояш гӯшона ба вай. Носирхитой гӯё хар буда, ки ӯ вайро беҳ-беҳ карда ба деҳа меовардааст, зан медодааст, зан мекофтааст. Таҳқиру дашном дар ҳаққи одам аз ин зиёда намешавад. Мулло Тошбойро, ки нимчамулло ном додаанд, беобрӯ карданианд. Пеши роҳи имомхатиб шудани ӯро гирифтанианд. Мулло Тошбой кӯдак не, мефаҳмад, лекин корро ин тавр ҳам намемонад.
Мулло Тошбой бо дилу ҷигари сӯхта, бо алами зиёд роҳ мерафт. Пиёда мерафт. Камбизоат аст, соҳиби як маркаби исқотӣ ҳам нашуда ӯ. Як бало карда ба деҳаи Муғулон расад, аз он ҷо кема қатӣ аз дарё мегузарад.
Он ҷо мардуми марқа, ҳама муридонаш. Хонаи Ортиқхоли ҷӯрааш медарояд, ягон улав мепурсад. Хонаи Носирхитой хело дур, пиёда қариб дурӯза роҳ. Ба Кӯктош, ки расид, боз хело роҳ, боз чанд талу теппаҳо, куталҳои баландро баромадан лозим.

пешина
аз 182
навбатӣ