БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Аз ҳама вазнинаш
баромадани кутали мазори Хӯҷазаррин. Худо бошад,
ки бо ин қадар саргардонӣ, роҳро ба рӯ карданҳо Носирхитойи бародархондашро дар хонааш ёбад. Кушоиш омад ба корҳои мулло Тошбой. Дӯсти наздикмуридаш Ортиқхоли марқаро дар хонааш пайдо намуд.
Ба аспи ҷавмасти худаш савор кард домуллоро. Таъкид
намуд, ки эшони Тошбой эҳтиёт шаванд, асп андак
чарс. Бодпо будааст аспи Ортиқхол. Дар роҳ мисли
шамол. Ҷонвар ба дили мулло Тошбой роҳ мегашт, ба
дили вай медавид. Вақте мулло Тошбой кутали мазори
Хӯҷазарринро баромада, аз Рангон гузашта, ба деҳаи
Бедак расид, шаб ним шуда буд. Дар ҳамон шабӣ аз йигитҳои Носирхитой хоҳиш кард, ки аз омадани мулло
Тошбой ӯро бохабар кунанд. Носирхитой аз хоб хест,
ба гуфтаҳои мулло Тошбой бо диққат гӯш дод. Мулло
Тошбой суханҳои дар роҳи дароз пухта кардаашро ба ӯ
гуфт. Қаҳру ғазаби Носирхитойро ба аҳли деҳаи Нилкон, ба Ҳоҷимаҳмуду эшони домулло Мирзо афзун
намуд. Ба гуфтаҳояш дурӯғи беше ямоқ кард, ба гап
ҷома пӯшонд. Гӯё Ҳоҷимаҳмуд дар назди ҳама зану
фарзандҳои Носирхитойро ҳам дашном дода.
– Эшони домулло, дигар гап назанед, фаҳмидам,
шуд. Ҳоҷимаҳмудро мекушам, сарашро аз тан ҷудо мекунам. – Носирхитой ба шунидани давоми суханони
эшони Тошбой тоб наоварда аз ҷой бархост, рӯ ба қибла овард ва қасам ёд кард ва баъд ҷомаашро болои
китфонаш партофт. Аз назди мулло берун рафт. Дар
берун ҳаво торик, осмон пурабр, шаб, шаби сиёҳ,
сиёҳию тирагие мисли дили эшони Тошбой ва Носирхитой. Аз «Ҳоҷимаҳмудро мекушам» гуфта, қасам ёд
кардани Носирхитой дили эшони Тошбой равшан
гашта ва ӯ мадор гирифта, тавоноӣ ёфт, шукр гуфт ба даргоҳи Худованд, ки Носирхитой барин чунин як шахси соҳибшуҳрат, тавоно, муттако, пушту паноҳаш шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё