Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Душманонаш, алалхусус эшони домулло Мирзо, кӣ будани вайро бояд дарк бикунанд.


Байни намози асру шом хабаре ба деҳа, ба кулли хурду калони Нилкон паҳн гашт: «Носирхитой омадааст, йигитҳояш беҳисоб, ҳамаашон дар масҷид, масҷид пури босмачӣ. Ва талаб кардааст, ки аҳли деҳа ҳама зуд ба масҷид ҷамъ биоянд, бо мардум гап доштааст».
Мардум ҳама дар ҳарос, сабаби бо йигитҳои беҳисобаш ба Нилкон ташриф овардани ӯро медонистанд. Аз хотирашон набаромада, дина баъди намози бомдод Ҳоҷимаҳмуду эшони домулло Мирзо гапи ӯро гуфта буданд, дар ҳаққаш суханҳои ноҷо ба забон оварданд, эшони Тошбой нарезондаю ночаконда ҳамаи гапҳоро хабар бурдааст ва пешдаро шуда ӯро ба деҳа, ба сари мардум, ба сари Ҳоҷимаҳмуду эшони домулло Мирзо овардааст, кори нохуб кардааст. Одами хуб набудааст, мурдор будааст эшони Тошбой. Дӯстону наздикон ғами Ҳоҷимаҳмуд ва эшони домулло Мирзоро мехӯрданд.
Чанд нафар кебида – кебида, пинҳон шуда, пас-паси деворҳо хонаи Ҳоҷимаҳмуд рафтанд. Гӯё ӯро хабардор кардан мехостанд. Аммо ӯ кайҳо аз омадани Носирхитой, аз нияти ӯ огоҳ будааст. Бо вуҷуди ин, дӯстон аз вай хоҳиш доштанд, ки ба масҷид наравад. Бо Носирхитой рӯ ба рӯ наояд, ғами ҷони худашро хӯрад, илоҷ ёбад аз деҳа равад.
– Гурезам?! – Ҳоҷимаҳмуд аз панду насиҳатгӯиҳои дӯстон ранҷида буд. – Меравам, албатта меравам, – гуфт.
Ҳоҷимаҳмуд маҳтали азони шом наистода, нисбат ба ҳаррӯза бармаҳалтар аз дари масҷид даромад.

пешина
аз 182
навбатӣ