Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худаш ӯро мекушад, худаш, агар накушад Қуръони Карим ӯро куру куҳрӣ кунад, безану фарзанд монад, хонааш ба вай ҳаром шавад.


Табиат, новобаста бо шоду ношод будани одамон, тағйир меёбад, фасли хазон мерасаду зимистон меояд, баҳор мешавад, гулҳо мешукуфанд. Ҳамон соли 1925- ум ҳам баҳор омада дашту даман, боғу майдонҳо гулпӯш гашта. Олам зебу оро ёфта, лек одамон шод набуданд. Низою ҷанҷоли байни босмачиёну аскарони Ҳукумати Шӯро хурӯҷ карда. Одамон ба якдигар носоз, душман. Меваи ҷангҳо ҳамин гуна: якдигарбадбинӣ, ҳамдигаркушӣ. Рӯи роҳу хоку қум, сабзазорон, оби ҷӯйҳо бо хуни инсон олуда. Одамон аз ғам гӯё зебоии дунё, ҳусни баҳор, сабзазорону гулу гиёҳҳои талу теппаҳоро намедиданд. Гулҳои сияҳгӯш, наврӯзӣ, бойчечак, лола шукуфта, одамон гул намечиданд. Гулҳо зери по, хазон, олам хазонзада. Зебоӣ, гулу сабзазоронро ҳам одамон дар хушу хурсанд будан мебинанд... Ба чи ваҷҳ шод бошӣ, ки аз ҳар деҳа ҷавонон, навхонадорон, дилдодагон ба баҳор нарасида. Модарон, хоҳарон, бародарон, волидайн хунҷигар... Баҳор омадаю айём ноором, ин баҳор ба хонадони Ҳоҷимаҳмуд ҳам ғаму алам, мотам оварда.
Носирхитой баҳри қатли Ҳоҷимаҳмуд, аз ӯ ниқор ситонидан пайт меҷуст. Мисли гурги гурусна пайи куштанаш хунҷигар гашта ӯ. Ҳоҷимаҳмуд, албатта, мисли Носирхитой дастаи камонбадастон надошт, ӯ як марди танҳо, як худаш. Вале тавоно, боирода, далер, нотарс буд. Шахси маълуму машҳур. Қариб ҳамаи сарварони дастаҳои босмачиён ӯро мешиносанд. Раҳмондодхоҳи тоҷик яке аз дӯстони наздикаш. Ҳатто русҳо ҳам ҳангоми ба деҳаҳои ҷамоаи Роҳатӣ ворид гаштан аз ӯ, ки забони русиро медонист, мадад мехостанд.

пешина
аз 182
навбатӣ