БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Назари модар ба Носирхитой, ба саллаи сар, ба ҷомаи тани вай, ҷомае, ки модар худаш ба тани Ҳоҷимаҳмуд пора карда дӯхта буд. Чашмонаш сиёҳӣ заданд. Ба хаёлаш ки фарзандаш баргашта, ҳа, ана худи худаш, дар сараш ҳамон саллааш ва дар тан ҳамон ҷомааш, фарзанди модар сиҳат саломат баргашта. Дигар аз ин рӯзи хуш ва шодиовартаре баҳри модар насиб мешавад? На, шукр, ана фарзандаш – Ҳоҷимаҳмудаш боз дар хона, ҷонибаш меояд, сиҳат аст. Хомӯшона бо сари хам қадам мемонд, модар фидои ӯ мешавад, фидои фарзанди номдор, фидои Ҳоҷимаҳмуд.
– Ҳоҷимаҳмуд, омадӣ? Тарсидам, талхакаф шудам, ман бе ту рӯз набинам, биё, бачам, Ҳоҷимаҳмуд, бачам,
– модар беҳушона сар ба сандуқи синаи қотили фарзандаш ниҳод, ҷомаи тани ӯро бӯид, бӯи фарзанд, бӯи Ҳоҷимаҳмуд, ҷомаи ҷигарбандаш дар тани қотили вай.
– Ҳоҷимаҳмуд, ҷонакам Ҳоҷимаҳмуд! Талхакаф шудам, ба Худо, ҷон аз танам баромад, – модар сар аз оғӯши қотили фарзанд набардошта, беҳушона ба қаду басти ӯ мемурду мезист, – Ҳоҷимаҳмуд, гап зан, чаро хомӯшӣ?
Ниҳоят модар аз қотили фарзанд ҷавоб шунид. Ба сараш тозиёна паси тозиёна омад.
– Кампири беақл, гум шав, ман бачаи ту не, бачата куштам! – Фарёд зад. Модар афтод, беҳуш, беёд, сараш болои пойҳои қотили фарзанд. Баъд касе пеши роҳи Носирхитой дучор меомад, қамчин мехурд, аз миёни ҳавлӣ аз камон ба осмон паи ҳам тир холӣ мекард Носирхитой. Носирхитой бо йигитҳояш хонаи Ҳоҷимаҳмудро талаю тороҷ кард. Бору бун, чизу чора, кулли молу амволи вайро аз хонаҳои дарун ба берун бароварда ба аспҳо бор карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё