Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эшони домулло Мирзоро душмани ҳукумат ҳисобида буданд. Гуноҳашон вазнин, дар Бухоро хондаанд, мударрис. Шогирдҳо доштаанд, аз дину шариат дарс мегуфтаанд, мардум бероҳа мешудаанд. Он касро ба ҳабс гирифтанӣ буданд. Аммо наметавонистанд, мекофтанд. Шогирдонашон аввал эшони домулло Мирзоро ба деҳаи ҳамсоя ба Теппаи Самарқандӣ, баъд андаке дуртар, ба деҳаи Оқтоқ бурданд. Дар миёни деҳаи Оқтоқ ва Нилкон, чанд теппа ва заминҳои дараи Ойтуғдию сангоби Лойоб. Барои аз ҷониби офтоббаро, аз сангоби Лойоб гузашта ба деҳаи Оқтоқ даромадан кутали баландеро баромада баъд онро нишеб шудан лозим буд. Дар поёни кутал деҳа. Дар ду тарафаш теппаҳо ва дар фарози баландиҳо хонаю ҳавлиҳо. Дар миёни деҳа масҷид. Дар паси девори масҷид, наздики дари даромади он чашмаҳои оби мусаффо, чашмаҳое, ки тамоми аҳли деҳа аз ҳамин ҷо об мебурданд, гову молҳояшон низ аз ҳамин ҷо об мехурданд. Беоб буд деҳа, деҳаи камаҳолӣ. Деҳаи Оқтоқро Деҳқонхона ҳам мегуфтанд. Мардум бештар ба ғаллакорӣ машғул буданд. Дар канори теппаҳо боғҳояшон, боғҳои ангур, палаккорӣ ҳам пешаашон, тарбузу харбузаҳои лалмӣ қанд барин ширин мешудаанд. Аҳли деҳа хурсанд буданд, ки эшони домулло Мирзо барин як олими машҳур Оқтоқро ҷои истиқомат ихтиёр кардаанд.
Эшон панҷ вақт намози онҳоро хонда медоданд, имомхатибашон. Эшони домулло Мирзо саъй доштанд, ки ба деҳаи Оқтоқ омаданашон овоза нашавад, вале наметавонистанд. Овоза ба бисёр деҳаҳои дур ҳам расида буд. Пурсида – пурсида мардум ба ин ҷо меомаданд. «Ҳазрати домуллоро зиёрат кунем», мегуфтанд.
Боз дар наздашон шогирдон, сабақ меомӯзонданд ба онҳо.

пешина
аз 182
навбатӣ