БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

«Аз мусофирати эшони домулло фоида бурданамон лозим», гӯён мардуми деҳа низ аз илму фазилаташон баҳраманд шудан мехостанд, ба гуфтае ҳазрати домулло забони каҷи бисёриҳоро рост мекарданд.
Одате доштаанд эшон, ки дар ҳар шароите бошад ба мардум, ба шогирдон илм омӯзондан мехостанд. Мардуми Оқтоқ аҳли оила, фарзандони домулло Мирзоро ҳам кӯчонда ба деҳаашон оварда буданд. Лек хаёли он кас доимо ба Нилкон, ба деҳа, ба масҷид, ба мазорҳои деҳа. Деҳае, ки дар он бисёр зотҳои пок хок шудаанд.
Мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф ва боз чанд нафар ҷигаргӯшаҳои дигари Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар саҳни масҷид, Чилламазор, мазори Шоҳтут, мазори Хуҷарӯшноӣ. Эшони домулло гоҳо бо хаёли зодгоҳашон ва мазорҳои он пеш аз намози бомдод ё баъди намоз кутали деҳаро боло шуда, сари кутал баромада рӯ ба ҷониби офтоббаро, рӯ ба Нилкон меоварданд. Аз деҳа, аз ҷониби офтоббаро аз осмони софу беғубори нилгун дида намеканданд, тулӯи офтобро тамошо мекарданд. Пеш аз рух намудани офтоб осмон сурхчатоб, зарди пурҷило, ба мисли аловдаста ранг пайдо мекард. Баъд нурҳои офтоб падид омада пардаҳои рангин пора мегардиданд, нопадид мегаштанд.
Офтоб мебаромад, олам аз нурҳояш зебо мегашт, ибтидои рӯзи нав, тавлиди боз як рӯзи нави умри инсонҳо.
Болои Нилкон ҳам нурҳои офтоб парешон гашта, он ҷо манзил, ҳавлӣ, хонаҳои эшон. Дари хонаҳо қуфл, дарвозаи ҳавлиашон ҳам. Аз ҳарос аҳли хонадон ҳама аз ҳавлӣ баромадаанд. Касе дигар дарҳои хонаҳоро намекушояд. Гову молҳо беалаф, беоб мемонанд, гоҳе хешовандон, ҳамсояҳо ба онҳо шояд нигоҳубин мекунанд. Вафодории сагҳо маълум. Сагҳои пирашон Бахмал ва Сиёҳак гӯё хонабон. Баъзан бехӯрок, беобу нон ҳам ки монанд, аз ҳавлӣ берун намераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё