БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Бобои Комил ба туфайли садаи Маликшоҳ аз марг мераҳад, Маликшоҳ гӯё ба ӯ ҷон мебахшад. Як умр ҳамин қиссаи аз марг халос хурданашро бобои Комил ба ҳама мегуфт. Ва ӯ низ тамоми умр дар дашту биёбонҳо дарахт мешинонд. Бобои Комил кайҳо бо ин олам падруд гуфтааст. Лек дар роҳҳо, миёни дашту канори ҷӯйҳо дарахтони шинондаи ӯ мондаанд. Чинорҳою садаҳояш калон шудаанд. Ҳисоби чинорҳояш хело зиёданд, ҳамаи онҳоро сада ё чинорҳои бобои Комил мегӯянд.
Дар замони Ҳукумати Шӯравӣ канали калоне канда, аз дарёи Кофарниҳон об оварданд. Канали Роҳатӣ мегӯянд онро. Оби канал то ба шаҳри Душанбе ҷорӣ гашта.
Акнун дар роҳи деҳаҳои мо ва Душанбе, дар миёни дашт садаи Маликшоҳ дарахти ягона нест. Дар атрофи садаи Маликшоҳ садҳо дарахтон сабзидаанд. Ҳама ҷо дарахтзор. Дар ин ҷо деҳаи сераҳолие пайдо шудааст, деҳаи навбунёдро Сада номидаанд. Лек чаро деҳаи Маликшоҳ не? Хуб мебуд, ки деҳа ба номи ҳамин марди савобҷӯ гузошта мешуд. Деҳаи Маликшоҳ. Сада, садаи Маликшоҳ.
Дар ёдам монда, ки ҳамроҳи падарам гоҳе аз роҳи онрӯзаи садаи Маликшоҳ гузашта аспакӣ ба Душанбе мерасидем. Аз кӯчаҳои шаҳр мегузаштем. Падарам бо дастаи қамчин ба гулгаштҳо, ба иморатҳои баланд ва ҳавлиҳо ишора карда, аз чи маҳалу биноҳо будани онҳо ба банда ҳикоят мегуфтанд. Ва баъд лаҷоми аспро кашида зери лаб ояте аз Қуръони Маҷид тиловат мекарданд. Баъд даст ба дуо бурда омин мегуфтанд ва банда ҳам бо ҳайрат ба падарам пайравӣ намуда «омин»
мегуфтам. Барои он тааҷҷуб мекардам, ки падарам, ба мисле ки аз назди мазор, гӯристоне мегузаштанд, рӯ ба биноҳои баланду гулгаштҳо оят мехонданд ва ба замми ин дар он лаҳзаҳо чеҳраашон ғамгин мегашт, аламашон меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё