БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Он вақт ду нафар бародарон аз деҳаи Мағмуруд як амали савобро ба уҳда доштанд. Бо навбат дар машкҳо аз Мағмуруд об меоварданд ва ба роҳгузарҳое, ки дар айни гармои рӯз ба миёни дашти ба назар беохир, ба зери садаи Маликшоҳ расида, дар сояи он менишастанд ва ташна ҳам буданд, бародарон коса-коса оби сард медоданд, дуои хайр мешуниданд. Имрӯз, албатта он бародарони савобҷӯй дар қайди ҳаёт нестанд. Лекин мардум онҳоро бо некӣ ёд меоранд.
Садаи Маликшоҳ дар миёни дашт ҷои осудан ва «дамгирӣ»-и ҷуку ҷонварҳо ҳам буд. Шохсорони сада қариб ҳамеша ҷои гунҷишкакон, аз шохе ба шохе парида чирик-чирик мекарданд. Бозори парандагон, садои дилкаше. Роҳгузарҳо ба он садоҳо гӯш медоданд. Ва паррандагон низ гӯё ба руҳи Маликшоҳ дуои хайр мегуфтанд.
Ҳикояте шунидаам. Дар деҳа бобои Комил ном шахсе буд. Умраш ба подабонӣ гузашта, подабони колхоз.
Дар замони пеш аз Ҳукумати Шӯравӣ – хидматгори дари бойе будааст. Боре бой дар айни бегоҳирӯзӣ, ки барф меборидааст ва айни чиллаи зимистон будааст, ба Комил мефармояд, ки ба Душанбе равад, номаеро ба як хешованди ӯ расонад. Комил илоҷе надоштааст, пиёда ба роҳ мебарояд. Боридани барф шиддат ёфта, шамол барфҳоро ба чашму рӯяш мезад. Комил аз миёни дашти пурбарф роҳ мерафт, ӯ қариби намози хуфтан ба назди садаи Маликшоҳ расида, ба селаи гургон дучор меояд.
Гургон сӯяш медаванд, Комил ба танаи сада мечаспад, ба болои он мебарояд, то рӯз аз сада фаромада наметавонад, гургҳо гирди сада ғун омада, чашм ба туъмаашон, ба Комил. Ҳамин тариқ, саҳар меояд. Бозоракиҳо аспакию харакӣ дар роҳ пайдо мешаванд. Гургҳо рӯ ба гурез меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё