Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ана дар ҳамин ҳангом диданд, ки ду-се нафар пайдо шуданд, давида омада буданд, ки сахт-сахт нафас мекашиданд. «Эшони домулло Мирзо, Мирзои Мирҳайдар» мешуниданд номашонро. Якеи онҳо ҳамон марди руси қоматбаланди шиносашон, ҳамоне, ки тифлашро дуои дам хонда буданд. Ӯ коғазе дар даст дошт, коғази сафед. Бандро аз пойҳои эшони домулло Мирзо кушоданд, аз лаби хандақ ба наздаш овард он касро марди рус. Коғази дасти ӯ коғази сафед-фармони аз маҳбас ҷавоб шудани эшони домулло Мирзо. Он коғаз дар даст ба маҳбас, назди ҳамроҳон баргаштанд.
Дилашон майле дошт, ки то саҳар ҳамроҳи маҳбусон – дӯстон бимонанд ва дар он шаби тор, ки борон ба барф бадал гашта буд, барф меборид, ба куҷо рафтанашонро ҳам намедонистанд. Аммо ҳамроҳон ба эшони домулло Мирзо таъкид доштаанд, ки ягон нафас таъхир накунанд, ҷавоб ки шудаанд, ҳар чи зудтар аз маҳбас бароянд, раванд. Касе бо забони нимтоҷикию нимрусӣ мегуфт: «Эшони домулло, зуд бошед, ҷавоб, ки доданд, равед, давлат приказ дорад, боз отказ дорад, равед».
Эшони домулло Мирзо дар он нимашабии қаҳратуни зимистон, ки барф замину замонро сафед карда буд ва боди сахт мевазид, бо дӯстон хайрухӯш карданд, дӯсташон марди руси қоматбаландро ба оғӯш кашиданд ва аз ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, аз дари маҳбас берун шуданд.


Дар он пагоҳирӯзии чиллаи зимистон, ки ҳаво соф
шуда, хунукӣ дараҷа ба дараҷа боло гирифта, ба гуфтае
сангҳоро мекафонд, кураро дар батни модар ях мебандонд, фарде пиёда рӯ ба деҳа оварда.

пешина
аз 182
навбатӣ