БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Аҷаб тамошое дошт дар назари он шахс деҳа. Дашту саҳро, боғоту майдонҳо ҳама ҷо сап-сафед, болои бому дарҳо бо барф пӯшида шуда. Дар дуртар қуллаҳои куҳҳои Мағмуруду Қандӣ мисли куҳони уштурҳои сафед баланду паст ба чашм мехурданд. Дар осмони софу беғубори нилгун ягон-ягон ситораҳо мавҷ мезаданд. Ситораҳо дар он лаҳзаҳои хунуки қаҳратун гӯё яхпораҳои рангин, нурбор, пурҷило буданд, ки аз боми осмон овезон. Ситораҳо мисли қатраҳои оби тилло ба замин чакида, дар осмон кам монда. Осмони дуру гуҳарбор. Бому дарҳои пасту баланди деҳа, дарахтон пардаи ҳарири сафед ба бар карда. Барф зеби бомҳо, дашту даман, куҳу барзан, зебоии олам. Вале хунук. Мард – эшони домулло Мирзо, як фарзанд – як дилбанди деҳа, Нилкон деҳа – зодгоҳашон.
Чанд гоҳе аз он дур буданд. Замоне дар Оқтоқ зистанд, баъд бандӣ – дар маҳбас рӯз гузаронданд. Имрӯз озоданд, варақи сафеди озодӣ дар ҷайбашон. Ҳарчи тезтар ба деҳа, назди қавму ҷамъ ҳозир шуданианд. Чи хуш мебуд агар ба мисли солҳои пеш дари масҷид боз мебуд, аввал ба масҷид медаромаданд, мардумро дар намози саҳар дармеёфтанд, вомехӯрданд.
Дар масҷид канори саҳни базебу ҳамвор ва васеи он мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф. Дари мазор ҳам баста. Қуфл. Нигоҳубин карда намешаванд. Масҷид, мазори ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф бӯи вайрона гирифта.
Агар ҳоло Худо насиб бинаду эшони домулло Мирзо ба деҳа дароянд, дар масҷид аввало мазори валии замонро зиёрат мекунанд, муроду орзуяшон буд. Дар дил орзу мепарваранд, ки Худо банда бигирадашон, дар поёни қадамҳои Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф хокдон ёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё