Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мард он, ки ҷаҳон ба ҳурматаш зону занад,
Пирӯз ба пеши ғурбаташ зону занад,
Мард он, ки баҳои зиндагияш фардо
Марг ояду пеши турбаташ зону занад.

Оё кӣ вуҷуди хешро гулхан кард,
Рӯшан шуду зиндагониро рӯшан кард.
Зинҳор надошт бим аз торикӣ,
Он кас ки фурӯғи ишқро дар тан кард.

Бар ойинаам, ки чанг андохтаанд,
Чун кора накард, санг андохтаанд.
Як ойинаам шикасту сад ойина шуд,
К-аз нури Худош ранг андохтаанд.

Дар ҳар яки мо ҳазору як инсон аст,
Як халқ одам дар умқи мо зиндон аст,
Бо ин ҳама зиндонии худ зиндонем,
Он ҷаҳл чӣ ҷаҳл аст, ки зиндонбон аст?!

Оё зи куҷоӣ, ба куҷо омадаӣ!?
Аз баҳри вафо ё ки риё омадаӣ!?
Сад шукр, агар ҳадяи Додорӣ, лек,
Сад ҳайф, агар мисли ҷазо омадаӣ!

Чун рӯйи наҷоти худ ба ёр овар рӯ,
Аз ғайр маҷӯ муроди худ, аз худ ҷӯ,
Ҳаргиз ту магӯ, ки умр беподош аст,
Ту ҳадяи ман бигарду ман ҳадяи ту.

Ин накҳати сабза нафаси форами кист?
Наргис нигаҳи умеди «бедорам»-и кист?
Ин лола, ки ҳам хандаву ҳам ғам дорад,
Худ номаи ишқи «дӯстат дорам»-и кист?

пешина
аз 218
навбатӣ