Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун шӯъла ба фонус бисӯзад ҷонам,
Дар пайкари номус бисӯзад ҷонам,
Аз оташи худ дубора эҳё бишавам,
Чун пайкари Қақнус бисӯзад ҷонам.

Олучаи боронзада чун олус аст,
Аз чист чунин бефараҳу маъюс аст?
Шаб.., моҳ ба рӯйи шохаҳои тӯс аст,
Он тӯс чу марди дар кафаш фонус аст.

Ҳар санги диёр тахти ман, гоҳи ман аст,
Ҳар нахли сари роҳи ман огоҳи ман аст.
Моҳест дар осмон, ки чун оҳи ман аст,
Фонуси шабони тираи роҳи ман аст.

Дидам, ки маро дидаӣ, ман ҳам дидам,
Дар чашми дурахшони ту ман нам дидам,
Дар ин ҳама ҳангомаву шодӣ гули ишқ
Пажмурд, ба чашмони ту мотам дидам.

Хуршед набошад, на ту, на сояи туст,
Сармои ҳаёт ҷумла сармояи туст,
Хуршеди ту ишқ аст, бидораш дар дил,
К-он ҳусни ту, ҷавшани ту, перояи туст.

Ин будани ту нишони нобудани туст,
Ҳарчанд, ки ин сари туву ин тани туст.
Дар ҳасти худат нестӣ, ҳастият чист?
Ин будани ту набуданат дар «ман»-и туст.

Будан, ки туро ғулғула андохтан аст,
Андӯхта, андӯхтаву бохтан аст.
Аз ваъдаи пуч қасрҳо сохтан аст,
Он сар, ки набудааст, афрохтан аст.

пешина
аз 218
навбатӣ