ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Эй раҳиму раҳнамои ман,
раҳоям кун, раҳо!
Аз фару ҳолат пару болам бубахш!
Аз ҷалолат авҷи иқболам бубахш!
Ишқро бояд раҳо кард!
Дар тароватҳои гулҳо ӯ ниҳон аст!?
Ӯ ниҳон дар ҳасрати барги хазон аст!?
Дар дурахши ҳасратомези нигоҳи нозанинон,
Дар гудози дарди мо, дар умқи ҷон аст.
Чун асо бояд варо бар дасти кӯрон дод,
Чун иродат боядаш бар носабурон дод,
Чун умеди вопасин бар ноумедон...
Бо ҳамин дору, ки атри эзадӣ дорад,
Дардҳои бедаворо
Метавон охир даво кард.
Болу пар бояд бад-ӯ бахшид, Бо парасту, бо кабӯтар, бо уқобон ошно кард!
Ту барову – ишқ! – гӯ,
Бингар, чӣ гуна
Пок мегардад ҳаво,
мурғон ҳама парвоз мегиранд...
Ту барову – ишқ! – гӯ,
Бингар чӣ гуна
Гул табассум мекунад, себарга мерақсад,
Меравад арғушт борон,
Накҳати шаббода пар-пар мезанад,
Шаҳпаракҳои ҳавасҳо мепаранд
Дар ҳавои рӯзгорон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё