ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ишқро бояд садо кард!
Ишқро бояст дини раҳнамо кард!
Боядаш бар тахти асли ӯ нишонд!
Ишқро бояд Худо кард!
08.09.2016
ИН МӮЪҶИЗА ИШҚ АСТ
Вақте ки дар ангушти ту хуршед нигин аст!
Вақте ки таҳи пойи ту дар рақс замин аст!
Он лаҳза, ки ҷавлонгаҳи ту чархи барин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!
Вақте ки чу мурғон ту паридӣ ба фалакҳо!
Вақте ки ба ту роз бигӯянд малакҳо!
Шаб моҳу саҳар шамс туро ҳусни ҷабин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!
Он лаҳза, ки аз худ бираҳӣ, барқ занӣ, барқ!
Дар ашки ту андӯҳи ҷаҳон ғарқ шавад, ғарқ!
Он лаҳза, ки дин ишқ бувад, ишқи ту дин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!
Вақте ки ту бе пайсаву дорои ҷаҳонӣ!
Вақте ки ту бе мансабию мири замонӣ!
Дороии дунё дили покиза зи кин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!
Вақте ки ҳама хуб, ҳама поку мубаррост!
Вақте ки шабат рӯзтар аз рӯзи муҷаллост!
Вақте ки дилат ҷилвагаҳи амри яқин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!
Фиръавну Сулаймони ҷаҳон пеши ту ҳеҷанд!
Бисёру каму суду зиён пеши ту ҳеҷанд!
Донӣ, ки чунин буду чунин ҳасту чунин аст!
Ин мӯъҷиза ишқ аст, бале, ишқ ҳамин аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё