ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
МАРО ОҒӮШ МЕГИРАД ХАЗОНРЕЗ
Паси тирезаам биншаста будам,
Фурӯ афтода андар рӯйи мизам,
Ки барге панҷа зад тирезаамро,
Ки ман бар хештан оям, бихезам.
Ту гӯйӣ тирамоҳи зарҳалинмӯ
Маро берун, ба сӯйи хеш мехонд,
Ту гӯйӣ тарсу эҳсоси хатар дошт,
Маро аз ин мани афтода меронд.
Бубояд рафт, аммо бар куҷо рафт?
Бубояд монд, аммо дар куҷо монд?
Ба ҳар сӯйе, ки рафтам, зиндагонӣ
Маро аз нав ба асли хеш гардонд.
Паси тирезаам барги хазон аст,
Ҳаёти ман ҳама боди вазон аст.
Фурӯ резам чу барги хушк имрӯз,
Вале ин рехтанҳо ҷонгазон аст.
Ту гӯйӣ тирамоҳи зарҳалинмӯ
Маро ҳам мебарад, бигрифта оғӯш,
Чунон зебову гарму нозанин аст,
Ки ман аз зарҳали ӯ мекунам нӯш.
Маро оғӯш мегирад хазонрез,
Бирезам барг-барг аз пайкари худ,
Чу барги охирин охир бирезам,
Зи шохи мижжа, аз чашми тари худ...
октябр, 2016.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё