Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАХМАЛИ ОҲ

Ту худро доштӣ чун ганҷи маҳфуз,
Кунун биншастаӣ рӯ бо хазонрез,
Ки гӯяд бо забони барги поиз,
Биё,бо тирамоҳи ман биомез!

Ту худро доштӣ ҳамчун амонат,
Ки рӯзе Ҳақ ба ҳақдораш расонад.
Вале пайдо нашуд он заршиносе,
Ки қадри ин амонатро бидонад.

Куҷо шуд эҳтиёти ту, куҷо шуд?
Ҳавасҳою нишоти ту куҷо шуд?
Кӣ подоши туро аз бахт дуздид?
Чӣ бераҳмона дар шаънат хато шуд.

Барои кӣ, барои чӣ, худоё,
Ту худро доштӣ бо ин қадар нанг?
Ки инак, қисмати номард имрӯз
Ба рӯят мекашад чанголи ожанг.

Хазонрезу ҳама оҳам, ҳама оҳ,
Биё, дар махмали оҳат бигирам.
Биё, барги тилоии хазонрез,
Ба чашму дасти огоҳат бигирам.

Хазон аз шохаҳо резад ғамангез, Ту гӯӣ ҳасрати меҳан бирезад.
Бимон, то шабнами ашки зулолат Ба рӯи барги дасти ман бирезад.
28.12.2015.
ДАР ТИРАМОҲ

Ту ранги тирамоҳӣ, пур зи оҳӣ,
Ту ранги тирамоҳ озурдарангӣ,
Ту ранги тирамоҳи зарнисорӣ,
Тилорангиву сар то по қашангӣ.

Дар оғӯши хазонрези ту хоҳам
Диҳам сар ихтиёрамро ба гардун.
Бирақсам ҳамраҳат дастобагардан,
Ба ранги баргҳо, бо сози маҳзун.

Дар оғӯши хазонрези ту хоҳам
Бурун оям зи худ, оғоз гирам,
Ба мисли баргҳои тирамоҳӣ
Ба боли оҳи ту парвоз гирам.

Биё, бо қаҳ-қаҳи ҳар барги поиз,
Ки бо оҳанги зеро по барояд,
Бихандему бихандему бихандем,
Бимон бо ханда ҷон аз мо барояд.

Биё, эӣ дилбари фасли хазонам,
Ки дар ангезаи ишқат шавам гум,
Дар ин фасли талоӣ, дар тали ҳузн
Талофиям ту бош аз ин талотум.

Бимон,чун баргҳои тирамоҳӣ Ба рӯят баргҳои бӯса резам, Ҳазорон бӯса гардам чун хазонрез Ба дӯшат реза-реза-реза резам.
28.12.2015.

пешина
аз 218
навбатӣ