ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
СОЯИ СОЯ
Як умр канори сояи худ будем,
Як умр манори сояи худ будем.
Гӯям ба ту тафриқа миёни мо чист,
Мо сояи тори сояи худ будем.
ЯК ҶОН
Як бори ҳавас барои бурдан дорам,
Як шадда нафас баҳри шумурдан дорам.
Аз нақди ҷаҳон ҳарончи дорам бо худ,
Як ҷон дар тан барои мурдан дорам.
ЯКПОЯ
Якҷо ба сипоси ҳамдигар меистанд,
Аз баҳри халоси ҳамдигар меистанд.
Бо ҳам будан зи турнаҳо омӯзед,
Якпоя ба поси ҳамдигар меистанд.
ИШҚ
Дар дилам сад лолазорӣ, ишқ, ишқ!
Дар хазонам сад баҳорӣ, ишқ, ишқ!
Беканор аст ин замини кӯчакам,
Чун маро андар канорӣ, ишқ, ишқ!
МОНДАЕМ
Дар суроғи ишқу уммеду наҷобатҳои худ
Мо дар ин роҳи абад мисли нишонӣ мондаем.
Ин аҷаб набвад, ки аз мо навҷавонӣ рафтааст,
Ин аҷаб бингар, ки мо андар ҷавонӣ мондаем.
ЧУН ДОРАМ
Он дилбари дуррафтаро чун дорам?
Масти ба сурур рафтаро чун дорам?
Девори футуррафтаро чун дорам?
Як пои ба гӯр рафтаро чун дорам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё