Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОРОН, КИ РЕХТ
Дилро гирифт аз ману худ дил намедиҳад,
Ғолиб ғурури хеш ба ғофил намедиҳад.
Борон, ки рехт, сабза дамиду гиёҳу гул,
Беҳуда гиряест, ки ҳосил намедиҳад.

БЕГОНА
Ман хонаи чанд раҳгузар будаму бас,
Аз ҳастии хеш бехабар будаму бас.
Бегона касе, ки дар вуҷуди ман зист,
Бо ӯ гӯӣ, ки дар ба дар будаму бас.

ПУЛ
Шеър раҳгум мезанад имрӯз дар маҷрои пул,
Нест ғайр аз дунии дунон дар ин дунёи пул.
Гулпарастам, дар миёни пулпарастон, эй шигифт,
Ку пуле, то бигзарам имрӯз аз дарёи пул?!

ДАСТ ДОДАМ
Даст додам ман ба як афтодае,
То бихезад ӯ, зи домонам гирифт,
Хест аз ҷо, дошт оринҷи маро,
Ҷон гирифту аз гиребонам гирифт.

ҚАДРИ ОДАМ
Найранги ҷаҳон чу зеби олам мондаст,
Шодист, ки дар пераҳани ғам мондаст,
Шайтон, ки ту рондаӣ зи даргаҳи хеш,
Дар сурату дар сирати одам мондаст.

МАН НА МАН
Ман на ман, балки ҳамин пироҳанам,
Ман ҳамин танҳоии худ дар танам.
Мекунам пироҳани худро иваз,
Он ки дигар мекунад худро манам.

пешина
аз 218
навбатӣ