Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худ вожаи «Одам», бубин, лафзи забони тоҷикист,
Ғайр аз забони тоҷикон дар ҳеҷ лафз ин вожа нест!

Не дар забони зиндаи ибрист, не андар араб,
1 Аммо ба лафзи тоҷикӣ ин гуна бошад мустаҳаб.

Ҳар миллате ин вожаро бо амри дин орад рақам,
Танҳо ба лафзи тоҷикӣ одам бувад асли «Адам».

«Ҳавво»-ву «Одам» тоҷикист, яъне нахустин одамин
Буданд шояд аз азал аз зоти тоҷик дар Замин!?

Пас аз забони тоҷикӣ ҳаргиз мадор, эй дӯст, ор,
Лафзи биҳиштии маро лафзи муқаддас мешумор.

Азбаски «Ҳавво» тоҷикӣ, азбаски «Одам» тоҷикист,
Шояд забони аввалин инсони олам тоҷикист!?
12.01.2018.

СУХАН АЗ ИСТИҚЛОЛ

Сухан аз истиқлол – сухан аз бедорист!
Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,
Ҳама борон шуда бар хушкии он рехтан аст!

Сухан аз истиқлол – сухан аз озодист!
Ҳама ҷо даст ба даст,
Ҳама ҷо китф ба китф
Аз сари бухсу бало хестан аст,
Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст!
Чунки як-як ҳама мо
Пайкари фарруху фархундаи Истиқлолем,
Худи мо бо ҳама тан
Парчами пирӯзӣ,
Парчами иқболем.

Мустаҳаб – некӯ, мақбул.

пешина
аз 218
навбатӣ