ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Шуд қоматам асои дасти гарони таърих,
Дасти наҷоти дунёст дасти ба домани ман.
Фарзандҳои некат як-як ситора гаштанд,
Ҳафт осмон дурахшон болои гардани ман.
Аз Ориён ту мондӣ – як пора ҷони рахшон,
Бо ор зинда мебош, фархунда Меҳани ман!
17.08.2017.
ЗАБОНИ ТОҶИКОН
Асли равони тоҷикон бошад забони тоҷикон,
Бошад забони тоҷикон асли нишони тоҷикон.
Аз ориён чун ори он бунёди тоҷик омада,
Дар субҳи мелоди сухан мелоди тоҷик омада.
Ӯ аз замони Пешдод аслу ниҳодашро ниҳод,
Наврӯзро ӯ офарид, ӯ дар Сада оташ кушод.
Ӯ аз сари озодагӣ бунёди нек овардааст,
Ӯ аз азал то бар абад як ёди нек овардааст.
Бунёд бинмудаш Худо бо пайкари фарзодагӣ,
Покизарӯ, некӯманиш, бо ин фари озодагӣ.
Ҳукми азал дар номи ӯ тоҷи шарафро мондааст,
Яъне ки ӯро аз азал фарзода миллат хондааст.
Ӯ тоҷдор аст аз азал, яъне назарандохта,
Дар пояи хайру шараф бунёди нек афрохта.
Ин лафзи поки Рӯдакӣ доди суханҳо додааст,
Ин шеваи Сино бувад, к-ӯро Бухоро зодааст.
Баҳси забон чун мекунӣ? Бо ин забон андар сиришт
Ӯ омада бо амри Ҳақ бо лаҳни шодоб аз биҳишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё