Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАРОҒ
Ба дастонат чароғ арчи равонӣ,
Ту дар бероҳаҳо дар раҳ бимонӣ…
Ту дар бероҳаҳо ҳаргиз намонӣ,
Чароғ андар ниҳодат гар равонӣ…

ҲАР ҚАДАР БОЛО БАРОӢ
Ҳар қадар боло бароӣ, боз поён меравӣ,
Ҳар қадар ҷон парварӣ, боз аз сари ҷон меравӣ.
Ҳар қадар паймона гирӣ, умр бепаймон бувад,
Ҷамъ кардӣ гарчи умре, боз урён меравӣ…

ШУКУФТАН
Дар чеҳраи ту салом чун гул бишукуфт,
Дар барги лабат калом чун гул бишукуфт.
Бо табъи шукуфта чун лабе номи ту бурд,
Дидам, ки чи гуна ном чун гул бишукуфт.

КУҶО ХОҲАД РАФТ?
Ин миллати носкаш куҷо хоҳад рафт?!
Бо ин сари зери каш куҷо хоҳад рафт?!
Тарсам, ки ба зери туфи носаш монад,
Фарсуда ба зери фаш куҷо хоҳад рафт?!

ДАР ПЕШУ ПУШТ
Дар пушти сарам ҳазору як савдо монд,
Дар пеши сарам фарохии дунё монд.
Гулбарги ҳазор орзу аз мо рафт,
Гулхори ҳақиқати ғами фардо монд.

ПОДОШИ ЗИНДАГӢ
Як умр ба дӯш бор ӯ мебардошт,
Умрест, ки бори зиндагӣ бар сар дошт.
Подош ҳамин буд, ки дар рафтани ӯ
Тобути варо ба дӯш мардум бардошт.

пешина
аз 218
навбатӣ