ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
БАТОБАД ИШҚ
Аз ҳама гӯшаҳо битобад ишқ,
Ҳам ба бедорӣ, ҳам ба хобат ишқ,
Ту наҷӯ ошкор, агар ояд,
Аз ҳама ҷо туро биёбад ишқ.
МО ҲАМА
Мо ҳама дар ҳукми маргем, эй Худо,
Бар сари ҳам чун тагаргем, эй Худо!
Мон, ки бо ин синаҳои кинавар
Дар вуҷуди худ битаркем, эй Худо!
ТАДБИРЕ НЕСТ
Рафт чун дил зи ту тадбире нест,
Ишқ дар ҳеҷ замон дерӣ нест,
Дар муҳаббат ману ту ҳамсолем,
Ҳар куҷо ишқ бувад, пирӣ нест.
ОШИ ХУДОӢ
Зинда бод оши худоӣ,
Не барои мурдагон!
Зинда бод оши худоӣ
Аз барои гушнагон.
ГУРЕЗ
Зиндагонӣ бар сарат резад тагарг,
Рӯзҳо резанд аз мо барг-барг,
Медавад ҳар субҳ марде, он яке
Гуфт: бингар, медавад аз дасти марг.
ҚАНДИ ЛАБ
Хандаро дилписанди лабҳо кун,
Бӯсагоҳи баланди лабҳо кун,
Хандаро заҳрханди лаб манмо,
Хандаро қанд, қанди лабҳо кун.
РОҲИ ДАРОЗ
Раҳи ман сӯйи ту роҳи дароз аст,
Чӣ бояд кард чун ин раҳ дар оз аст.
Намон мурғи диле бошад дар озор,
Дили ман чун дарам боз аст, боз аст.
ПОСУХИ СУБҲИ ТОЗА
То даме офтоб хоҳад буд
Ҳар шуояш барои ман ид аст.
Бар суоли маҳи хамидаи шаб
Посухи субҳи тоза хуршед аст.
НАТВОНАД БУД
Фардои ту бебаҳор натвонад буд
Бе сурати интизор натвонад буд.
Имрӯз биё, ки дар канорат бошам,
Чун умрм ту беканор натвонад буд.
ҲАВО ҒАМГИН АСТ
Ин ҳаво имрӯз ғамгин аст,
Ё Худо имрӯз ғамгин аст.
Абр дар пешониш чин аст,
Офтоб афтода аз зин аст.
ҲИРС
Ин кафши ту мебарад туро, эй нодон,
Авқоти ту мехӯрад туро, эй нодон.
Гӯё ту гиёҳдату ҳирсат чун говест,
Бо ҳавсала мечарад туро, эй нодон.
ТАБАРЗАН
Ин зиндагӣ ончунон маро афшондаст,
Ман нестам он касе, ки дар ман мондаст.
Нахлест, ки баргу бори ӯ рехтааст,
Ҳукмаш ба ҳукумати табарзан мондаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё