ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ПОДОШ
Подоши тамоми шодмонӣ додӣ,
Пирона ҷавоби навҷавонӣ додӣ.
Ҳар чиз, ки дод зиндагӣ охири кор
Баргашта варо ба зиндагонӣ додӣ.
КАЙ ГУЗАШТ?
Ёр кай омад, ҷавонӣ кай гузашт?
Ошкорову ниҳонӣ кай гузашт?
Дар ману бо ман, худи ман бехабар,
Зиндагонӣ, зиндагонӣ кай гузашт?!
КАСЕ НЕСТ
Басе дилдор ҳасту дилрасе нест,
Назар кун, то пасиҷе дар пасе нест?
Ҳама дилномаҳо гуфтанду гӯянд,
Чу Бедил лек соҳибдил касе нест.
САРДОР
Сардор, ки як умр дар оварди сар аст,
Рухсораи сурхи ӯ чу оварди сар аст.
Кайҳост, ки гум карда сарашро, аммо,
Бо ин ҳама бесарӣ маро дарди сар аст.
ИН НАХЛИ КУҲАН
БОРУ БАРИ НАВ ДОРАД
Рубоӣ
Набзи дили ман набзи гули райҳон аст,
Ин шабнами барг ашки кафи мижгон аст.
Ин шабнами барги гул магар ашки Худост,
Дар тобиши поки ӯ фари Яздон аст.
Хайём ба оҳанги дигар меояд,
Бо пайки башорати башар меояд.
Овои вай аз кунгураҳои сад қарн
Чун бонги азони баҳру бар меояд.
Хайём! Дари биҳишти моро во кун,
Во кун, дари сарнавишти моро во кун,
Дар ин дари Нестӣ калиде ҳам нест,
Хайём, дари сиришти моро во кун!
Дар пушти дари ту хабари дигар ҳаст,
Дар пушти сари ту басари дигар ҳаст.
Сад дар бикушо аз паси ҳар дар, дарёб
Накшода ҳанӯз як дари дигар ҳаст.
Аз об бурун омада боз об шудем,
Аз хоб бурун омада дар хоб шудем.
Ҳар об, ки хӯрдаем, аз дида бирехт,
Ғӯтида ба ашки хеш гирдоб шудем.
Дар пушти табассуми гуле худро ёб,
Дар оинаи поки диле худро ёб.
Аз гил, ки сириштаанд моро зи азал
Аз маъбадаи мушти гиле худро ёб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё