Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як номи дигар турост, инсон – тардид,
Тарсуи ба ҷони туст пинҳон – тардид,
Тардид, ки тар дид, накардат тардид,
Бурдат ба ҳазор кӯи шайтон тардид.

Ҷон додаву ҷон дода, намурдан ҳунар аст,
Ин нақд ба кӯи ёр бурдан ҳунар аст.
Саҳл аст ба корзор мурдан, ҷонро
Пеши қадами ёр супурдан ҳунар аст.

Набзам, ки чу набзи соати девор аст,
Ман хобу дилам тамоми шаб бедор аст.
Овехт маро ба ақрабак ҳукми азал,
Подоши ман аз ҳастии ман ин дор аст.

Дар нолаи ту як гули ҳасрат пажмурд,
Як шабпараи умед болафшон мурд,
Бо ҳар ҳавасе, ки дар дили худ куштӣ,
Эй вой, ки як чароғаки сӯзон мурд.

Ололаи мо бирехт, ин лолӣ монд,
Обат додам, пиёлаи холӣ монд.
Парвози ту лоуболии олӣ буд,
Дардо, ки гузашту бепаруболӣ монд.

Дастест, ки дар кисаи ту пинҳон аст,
Ишқест, ки дар синаи ту зиндон аст.
Он кист, ки монанди дарахтон якпост?!
Он кист, ки якрӯй мисоли нон аст?!

Инак манаму набзи дилам – бонги азон,
Инак манаму ба дори вақт овезон,
Инак ҳама додаҳои худ мегиранд,
Аз дил ҳавасу зи сар ҳушу аз тан ҷон…

пешина
аз 218
навбатӣ