Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чизе, ки ба ман бидод, аз ман бигирифт,
Зӯри тану нури чашми рӯшан бигирифт.
Ҳастӣ надиҳад ба ҳеҷ гаҳ чизе муфт,
Бо ханда ба ман доду ба шеван бигирифт.

Бишнав, ки сукути мо ҳама фарёд аст,
Эй дод, ки доди ту ҳама бедод аст.
Ин аблаҳи озод ҳаме дар банд аст,
Ин оқили дар банд ҳаме озод аст.

Бо халқи ҷаҳон як бишаву якто бош!
Дар хок давон решаву дар боло бош!
Бас қатра, дар оташи ҳавас мехушкад,
Эй қатра, ба дарё бирасу дарё бош!

Ман омадаам, ки ишқро шод кунам,
Аз банди ҳавас гираму озод кунам.
Дар хонаи ишқ гулхане афрӯзам,
Дар кӯчаи ишқ базм бунёд кунам.

Ман омадаам, ки ишқ бо ман бошад,
Ман омадаам, ки ишқ рӯшан бошад.
Ҳар шахс, ки сокини диёри ишқ аст,
Ӯро ҳама ҷои даҳр меҳан бошад.

Ман омадаам, ки ишқро зинда кунам,
Ман омадаам, ки гиряро ханда кунам.
Ман омадаам, ки ғуссаро банда кунам,
Ғамро ба миёни халқ шарманда кунам.

Ман раҳгузари боғу биёбони ту, ишқ!
Ман ташнаи обу гушнаи нони ту, ишқ!
Дидам, ки хазон даст ба ҷонат задааст,
Ман бо ту бимонаму зимистони ту, ишқ!

пешина
аз 218
навбатӣ