Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар будани мову ту агар маъно ҳаст,
Ин аст, ки он сарвқади раъно ҳаст.
Пудинаи ишқ агар бикиштӣ дар дил,
Дар ҳар нафасат бӯйи хуши наъно ҳаст.

Бахти ту ба дасти ман, надидӣ манро,
Дар авҷи ғурур, зан, надидӣ манро.
Азбаски маро биҷустӣ аз болоҳо,
Андар бари хештан надидӣ манро.

Ҳар кас, ки гул андешаду бо гул ёр аст,
Гул бинаду гулханда ба лаб, гулбор аст.
Умраш ҳама дар миёни гулҳо гузарад,
Ҳар ҷо, ки бирафт, роҳи ӯ гулзор аст.

Фанде, ки ту хӯрдаӣ, хабар дорӣ ҳеҷ?
З-он бӯ, ки набурдаӣ, хабар дорӣ ҳеҷ?
Ҳарчанд, ки дасту пову рӯйе дорӣ,
Кайҳост, ки мурдаӣ, хабар дорӣ ҳеҷ?

Эй дӯст, макун тарки диёнат ҳаргиз,
Ҳатто надиҳад зоғ амонат ҳаргиз.
Чун мурд калоғи нар, калоғи мода
Ҳаргиз накунад ба ӯ хиёнат, ҳаргиз!

Бо ашки зулол шуста бурдам ғамро,
Бо ашк ба хокҳо супурдам ғамро.
Эй дод, ки мурда, мурда мурдам ғамро,
Дардо, ки аз ин ҷаҳон набурдам ғамро.

Дар пайкари сӯзони ту ҷон месӯзад,
Дил дар тану ҳарф дар забон месӯзад.
Бунёди ту аз хок бувад ё оташ?
К-аз як суханат ними ҷаҳон месӯзад!

пешина
аз 218
навбатӣ