Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар синаи мост созу оҳанги Ватан,
Сангин бувадо олами садранги Ватан,
Бархез ба сад талош дар нанги Ватан,
Тандеси худат тарош аз санги Ватан.

Бо марги ту ҳастият дурахшон шуда буд,
Ҳар захм ба пайкари ту хандон шуда буд.
Бо мурдани хеш зиндатар гардидӣ,
Аз мурдани ту марг пушаймон шуда буд.

Эй меҳани пок, эй биҳишти афлок,
Дар оби туем обу дар хоки ту хок.
Дар ҷисми туем ҷисму дар ҷони ту ҷон,
Ё пок шавем, ё бикун моро пок.

Раҳ деҳ, ки дарахтҳо зи мо пеш раванд,
Гулҳо паи базму бозии хеш раванд.
Бигзор, ки мӯракон пайи рӯзии худ
Аз ҷодаи хеш в-аз пайи кеш раванд.

Эй дӯст, бидон, вафо надорад шодӣ,
Чун бод равад, бақо надорад шодӣ.
Бо бори ғамат такя макун ҳеҷ бар ӯ,
Мастест, ки мутакко надорад шодӣ.

Ғам омаду шодмонӣ аз ман бигурехт,
Ин буздили ноҷинс зи меҳан бигурехт.
Ғам омаду хоки хонаи шодӣ бехт,
Шодӣ бигузошт меҳану зан, бигурехт.

Як умр на роҳату на орому ҳузур,
Як умр ғизо кашад ба дӯшаш ин мӯр.
Бе меъда бувад мӯр, валекин ҳирсаш
Ором намегузорадаш то лаби гӯр.

пешина
аз 218
навбатӣ