Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хаффош, ки шаб боли парафшон дорад,
Худ мояву сина гӯшу дандон дорад,
Чун одам агарчи гиряду хандад, лек
Аз одамӣ рӯз хеш пинҳон дорад.

З-он хавф, ки хаффош бар ӯ меорад,
Каргас сари кӯҳ лона мебигзорад.
Аз ҷуфташ агар ҷудо шавад, мемирад,
Он қадр ба ҳамсараш муҳаббат дорад.

Саг рамзи қаноат асту сабр асту вафост,
Дар ҳифзи дари соҳиби худ беҳамтост.
Тан дода ба бехобию қахтӣ як умр,
Дар сидқу садоқат ӯ аз одам болост.

Пинҳон бикунанд қутти худро ҳар дам,
Ҳам аккаву мушу гурбаву ҳам одам.
Ҳар чор, ки дар хиёнат аз ҳам пешанд,
Пешанд ба дуздиву фаромӯшӣ ҳам.

Сад қатраи ашк шадда дар гардан шуд,
Аз қатраи ашк ҷони мо рӯшан шуд.
Дар қатраи оби дида набзи ҷон аст,
1
Товус ба оби дида обистан шуд.

Бешарм мабош чун магас ҳар гоҳе,
Монанди магас мабош ишратхоҳе.
Ӯро, ки ҳаёт нест беш аз моҳе,
Пайдо шавад аз бӯи баде дар роҳе.

Обод бишуд меҳани ман, хонаи ман,
Фар ёфтӣ, эй миллати фарзонаи ман.
Тӯфони ҷаҳон агар фитонад аз по
Ҳаргиз нафитад шаъни ту аз шонаи мо.

Рисолайи «Сайдия»

пешина
аз 218
навбатӣ