ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Шодӣ маталаб, ки ҳасраташ афзун аст,
Афсонаи ӯ ҳамеша аз афсун аст.
Дар хандаи ӯ ҳамеша пинҳон аст ашк,
1
Шодӣ маталаб, ки номи ӯ маймун аст.
Рӯзе, ки бувад ба дил алам, танҳоям,
Дар байни ҳазор кас худам танҳоям.
Дар хурдани оши маърака бисёрем,
Дар хӯрдани заҳри дарду ғам танҳоям.
Каргас, ки фалакро таҳи болаш гирад,
Тақдир варо ба боли фолаш гирад.
Ҳарчанд ҳазор сол мебинад умр,
Аз бӯи хуше ба як нафас мемирад.
Дар навбати бору барг мо ҳам ҳастем,
Тар гашта таги тагарг мо ҳам ҳастем.
Як умр ба ҳар қатори навбат будем,
Дар навбати рӯзи марг мо ҳам ҳастем.
Ман хок шудам то ки ба пойе бирасам,
Ман ҷода шудам, то ки ба ҷойе бирасам.
Ман пок шудам, то ба ҳавое бирасам,
Аз худ рафтам, то ба Худое бирасам.
Ҳарчанд ки хуш бувад садои қумрӣ,
Ақраб бигурезад аз навои қумрӣ.
Ҷуфташ мирад, наҷӯяд ӯ ҷуфти дигар,
Нолон зи пасаш, бубин вафои қумрӣ.
Лак-лак чу расид, мерасад бӯи баҳор,
Мор аст варо душману ӯ душмани мор.
Дар ҷойи баланд лона монад лак-лак,
То байзаи ӯ ба офият орад бор.
Маймун – 1-саодатманд, шод; 2-бӯзина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё