Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бидидам дарду ҳамдарде надидам,
Ҳамоно як ҳамоварде надидам,
Басе марданд бо даъвои мардӣ,
Вале беҳтар зи зан марде надидам.

Ба мо Хуршед дарси нур мехонд,
Ба сӯи худ, ба сӯи сур мехонд.
Дареғи ту, аз ин мактаб чӣ бурдӣ?
Дар ин мактаб каре бо кӯр мехонд?!

Дар ин фасли талоии хазонрез
Хазони ҳузнро аз зеҳни худ рез.
Ба боғ ову ба ишқи зарҳалӣ печ,
Ба худ ову зи худ бигрез, бигрез!

Касе боло равад, боло бимонад,
Ки боли бегуноҳиро фишонад.
Касе ҳам бо малакҳо роз гӯяд,
Ки лафзи бегуноҳиро бидонад.

Сафедорони раҳ дасто ба дастанд,
Ба як саф бо ҳаманду бешикастанд,
Ба зери офтобу барфу борон
Ба ҳифзи ҳамдигар подор ҳастанд.

Сафедорони чун тир истода,
Пайи тақдиру тадбир истода.
Қабо испеду риши барги испед,
Канори роҳ чун пир истода.

Хазонатро ба фарвардин маёмез,
Баҳоронро раҳо кун аз хазонрез,
Биё, бо фасли худ, бо асли худ бош,
Ба пеш ин кӯҳнаколоро маёвез.

пешина
аз 218
навбатӣ