ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Басо роҳест аз мо то ҳақиқат,
Басо оҳест аз мо то ҳақиқат
Қаламро пул бикун чун варта ояд,
Басо чоҳест аз мо то ҳақиқат.
Мунаввар кун, мунаввар кун маро, ишқ!
Ба ҳар зарроти ҷони ман даро, ишқ!
Надорӣ ту даво ҳаргиз ба дардат,
Вале бошӣ ба сад дарде даво, ишқ.
Бирафтам аз раҳе, ки сӯ надорад,
Ба ёре дил бубастам, рӯ надорад.
Ман он хобам, ки бедор аст умре,
Ман он обам, ки ҳаргиз ҷӯ надорад.
Басе дил додаму рафтам, дилам монд,
1
Ба мандалҳоиафсун манзилам монд,
Ҳазорон гул шукуфту рехт дар ман,
Ҳазорон решаи гул дар гилам монд.
Зи рӯят орзуям озарин аст,
Бар инам, ки мақоми ту барин аст.
Каломи «дӯст медорам туро ман»
Маро бинвишта дар хатти ҷабин аст.
Дареғи ишқ, агар аз ёд рафтаст,
Ки бе ишқ, асли мо бар бод рафтаст,
Ман аз шамшод шодам, ӯ чу ошиқ
Ба сӯи осмонҳо шод рафтаст.
Саҳар! Орояи покии ман бош!
Саҳар! Перояи покии ман бош!
Ба ман аз шабнамат оби вузӯ бахш,
Сафои ояи покии ман бош!
Мандал – хати доирае, ки дар он афсунгар менишинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё