Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷавонӣ рафту он нобурдааш монд,
Гулаш пар-пар парид, афсурдааш монд.
Шаробашро касе нӯшид, хуш бод,
Ба ман имрӯз таҳти дурдааш монд.

Дили худро зи дилсардӣ нигаҳ дор,
Русуми неки ҳамдардӣ нигаҳ дор,
Ҷавонӣ рафт, сад ҳайфи ҷавонӣ!
Биё, акнун ҷавонмардӣ нигаҳ дор!

Аниси лаҳзаҳои танги ман бош,
Алайҳи душманонам санги ман бош,
Дили ман, эй чароғи рӯшани тан,
Ҳамеша дар фарози нанги ман бош!

Гули рангу гули рангу гули ранг,
Чӣ зебо мешукуфад аз дили ранг,
Ба рӯи ёру сангу кӯҳу саҳро,
Ба ҳар ҷо меҳрафшон маҳфили ранг.

Дили ман, оразу орам ту ҳастӣ,
Ғамам бо туст, ғамхорам ту ҳастӣ.
Нахобидӣ ягон шаб, мисли модар
Ба сар то субҳ бедорам ту ҳастӣ.

Шароре аз дили сангат раҳо кун,
Ягон ҷуде зи мавҷудат ҷудо кун,
Худо гар бар суроғи ту наояд,
Суроғи худ ту боре аз Худо кун.

Маро овардаву овора кардӣ,
Миёни чор сӯ бечора кардӣ.
Дилам ин бар кашад, андеша он бар,
Маро бори бари ду бора кардӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ