Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо ҳар нафас аз умед покизатарем,
Покии ману ҳавои ман Наврӯз аст!

Оинаи хушнамои ойинҳоям,
Дар даҳр ҷаҳоннамои ман Наврӯз аст!

Ишқу адабу фазилати миллати ман,
Ҷуди ману ноҷудои ман Наврӯз аст!

Дар чашму дилам чароғи нури Зардушт,
Тӯмори дилу зиёи ман Наврӯз аст!

Ман дар хати аҳд устуворам зи азал,
Зеро хати устувои ман Наврӯз аст!

Дар баҳри азал сафина дорам аз дил
Лотарс, ки нохудои ман Наврӯз аст.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷавшани ман
Аз душмани ҷонрабои ман Наврӯз аст!

Сад гуна сади садад куҷо садди ман аст,
То ҳафт фалак садои ман Наврӯз аст!

Аз вартаи марг вораҳонад моро,
Бемаргии ман, барои ман Наврӯз аст!

Аз баъди ҳазор сол нав омадаам,
Навбоваи ман, навои ман Наврӯз аст!

Бигзаштаву ояндаву имрӯзи ман аст,
Боқӣ чӣ бувад, бақои ман Наврӯз аст!
Марти 2017

НАВРӮЗИ ТОҶИКИСТОН

Озодигист дар ҷон, Наврӯзи Тоҷикистон!
Шодоби файзу эҳсон, Наврӯзи Тоҷикистон!

Пероҳани муҳаббат, перояи саодат,
Дар пайкари ҳар инсон, Наврӯзи Точикистон!

пешина
аз 218
навбатӣ