Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДУШАНБЕ,
ИН ГУЛАФШОНАТ МУБОРАК!

Душанбе. ин гулафшонат муборак!
Биҳишти сабзи доманат муборак!

Ҳама ҷо сабз дар сабзу шукуфост,
Гулистон дар гулистонат муборак!

Ҳама нахлу гули дунё ватан ёфт
Дар ин марзи пурэҳсонат, муборак!

Бисабзад чӯби хушке ҳам дар ин хок,
Чунин эъҷози Яздонат муборак!

Зи чашми тифлаконат нур борад,
Чароғони дурахшонат муборак!

Дар ин дунёи ноорому беамн,
Чунин амни фаровонат муборак!

Бале, маънои тоҷик хайрхоҳист,
Накӯӣ аз ниёконат муборак!

Ба хокат дона резад, ишқ рӯяд,
Сиришти ишқафшонат муборак!

Чу дидам, тахти Рустам нест холӣ,
Фари нав дар Самангонат муборак!

Ҷавонӣ бар сари тахти ту омад,
Фурӯғи нур бар ҷонат муборак!

Диёри сулҳу ишқу дӯстдорӣ,
Дарат боз аст, меҳмонат муборак!

Ба гардун сар кашида тахту тоҷат,
Ливои бахти тобонат муборак!

Иморат дар иморат сар фарозӣ,
Туро дар шона ин шонат муборак!

пешина
аз 218
навбатӣ