ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ВАҲДАТ ОН ГАҲ
АБАДАН МЕМОНАД
Посух ба саволи «Чӣ бояд кард, ки
Ваҳдати миллиамон абадан бошад?»
Ваҳдат осоишу эҳё бошад,
Асли мавҷудияти мо бошад.
Зиндагӣ – рӯди хатарзо, Ваҳдат
Соҳили маҳками дарё бошад.
Ваҳдат он вақт ба мақсад бирасад,
Ки ман-и миллатамон мо бошад.
Ки ҳама қавму маҳал чун рагу пай
Дар тане бошаду якто бошад.
Деҳаи шафқату ноҳияи ишқ
Ватани мо ба ҳар ақсо бошад..
Ҳама ҷо оилаҳо ойинадор,
Хайру эҳсону сафоро бошад.
Хонаи хубиву оилаи хайр
Хонаву оилаи мо бошад.
Мазҳаби ишқи Ватан мазҳаби мо,
Дини мо некии дунё бошад.
Ваҳдат он гаҳ ба сари мо абадист,
Ки чу Додор мубарро бошад.
Ҳама миллат, ҳама меҳан як ҷисм,
Дар вуҷуди ту чу аъзо бошад.
Ваҳдат он гаҳ, ки ҳадафҳои халқ
Аз ҳадафҳои ту боло бошад.
Ваҳдати хок бубин, ин ваҳдат
Боиси сабзиши гулҳо бошад.
Ваҳдати арш бубин, з-ин ваҳдат
Дар фалак суру Сурайё бошад.
Қасри Ваҳдат ба муҳаббат барпост,
Амни миллат ба муросо бошад.
Қалъаи амнияти як халқ аст,
Ваҳдат аз адл чу барпо бошад.
Ваҳдат ишқ аст, ба ҳам будани мост,
Мард бо ишқ тавоно бошад.
Ман ту бошам, ту ман, армони ватан,
Сарвару раҳбалади мо бошад.
ҲАМЧУ САВГАНДИ САДОҚАТ
Ба Қаҳрамони Тоҷикистон,
академик Бобоҷон Ғафуров
Баъди Айнӣ ӯ нишони миллат аст,
Рамзи ору ормони миллат аст.
Ҳамчу савганди садоқат бар Ватан
Исми ӯ андар забони миллат аст.
Чун балогардон китоби «Тоҷикон»
Дар фарози остони миллат аст.
Бар алайҳи тири душман то абад
Чун сипар дар ҳифзи ҷони миллат аст.
Ровии таърихи нангу ори мост,
Достони ростони миллат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё