Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Намеафтам
зи шаънам, аз ғурурам,
Ман сипар дорам алайҳи марг дар ҷони сабурам.
Гар тиҳидастам, надорам ҳеҷ чизе,
Сур дорам,
Як дили пур, як сари мағрур дорам.

Вонамои ман ҳароина Вонамудам нест, Кӯшиши ворастан аз ҳабси дарун, аз дарди умқ, аз мағзи хун аст, Кӯшиши мардона рӯи по ситодан Андар ин даҳри нагун аст.

Ашкҳои ман ақиқу дурру марҷони ман аст, Ганҷҳоям ёди ёрони азиз дар дилу ҷони ман аст.

Ҳар нафас, ҳар лаҳза ҳар онам
Ҳамчу як гул,
Ҳамчу як нури навозиш аз шуъои офтоб
Ҳамчу як мусиқии оби равони ҷӯ,
Ҳамчу як шаббодаву як накҳати ҳулбӯст...

Ғуссаҳоро дар ниҳодам ханда карда,
Дардҳоро дар вуҷудам ранда карда,
Хорҳоро аз аз тан, аз пероҳанам
Канда, канда, канда карда,
Ноумедиро миёни мардумон шарманда карда,
Синаро аз орзу оганда карда,
Мебароям!
Дар танам пироҳани ишқ аст!

Шаҳпаракҳои ҳавас ранги ба ранг
Мепаранд аз дидагонам,
Мурғакони вожаҳои ишқ чаҳ-чаҳ мезананд
Рӯи баргони лабонам.

пешина
аз 218
навбатӣ