Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар кафи мардони бонанги Ватан
Озари озодагони миллат аст.

Дар таҳи болини тифлон ин китоб
Ҳамчунон тӯмори ҷони миллат аст.

Дар садоқат, дар муҳаббат, дар вафо
Ӯ намои шойгони миллат аст.

Дар раҳи армону ору ному нанг
Ҷоннисору ҷонфишони миллат аст.

Қаҳрамонони ватанро зинда дошт,
Ӯ худ акнун қаҳрамони миллат аст.

Тоҷиконро бори дигар тоҷ дод,
Дар сафи тоҷоварони миллат аст.

Ӯ ҷасорат, ӯ далерӣ, ӯ шараф
Бемуҳобо дар равони миллат аст.

Чун сутуни адл Бобоҷон Ғафур
Зӯру бозуву тавони миллат аст.

Сангаре, к-ӯ офарид андар сухан
То қиёмат марзбони миллат аст.

Рӯҳи ӯ чун ахтари партавфишон То абад дар осмони миллат аст.
29.04.2018.
ШЕЪРҲОИ НИМОӢ

ВОНАМОВУ ВОНАМУДИ МАН

Устухонҳои танамро ғунҷ карда, Искилетамро ба ҳам оварда, худро аз сари нав сохта, Ман ба дунё мебароям, Хештанро сарфарозу созу бардам Дар канори саҳнаҳои рӯзгорон Менамоям.

Кас намедонад, ки дар ҷонам чӣ дард аст,
Дар рагу пайванду виҷдонам чӣ дард аст.
Ман ҳамеша сарбаланду шоду фирӯзам.
Аз вуҷудам вораҳонида худамро,
Сӯхта дар мағзи ҷонам дарду ғамро,
Ханда дар лаб чун гули оташ парафшон,
Мисли гулхан худфурӯзам.

Як намуд изҳору илқои иродатҳост
Рӯнамои инчунини ман.
Вонамои ман намои эҳтироми ман ба хеш аст
Дар канори сарзамини ман.

Вонамои ман барои дигарон нест, Ман бубояд обрӯямро ба пеши худ нарезам, Ман бубояд дошта аз домани ихлосу нанги худ ба пеши худ бихезам.
Дар сари нангу иродат Ман зи по афтам,

пешина
аз 218
навбатӣ