Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин чӣ даҳшат?!
Нест дар пушти ниқобат рӯй!
Пушти он холист, чизе нест!!!

Вой бар ман! Вой бар мо! Вой, вой!

Эй Худо, акнун бигирям ё бихандам?!

Илтиҷо дорам, тазарро мекунам,
Зиндагӣ, аз нав ниқобатро ба рӯят каш!
То ки дигарҳо нибинанду нафаҳманд!
Мон, ки ман бо ин фиребу дард монам,
Лек мардум, беҳ бувад бошанд
Волаву мафтуни ин макру фиреби нозанинат,
Мон, даванд акнун, даванд акнун, даванд акнун, даванд,
Аз паси зеботарин макру фиреби вопасинат!

Зиндагӣ! Ҳай, ҳай!..
16-17 августи 2016

ОХИРУЛАМР
Ба гирифторони таасуб ва хурофот

1
Рӯ ба Ҳақ ҷуз ҳақ маёвар бар абас,
23
Бо абас кам рав, ки монӣ дар абас.
.
Метавонӣ бе таҳорат зист, мисли зумрае,
Метавонӣ бо ҳақорат зист, мисли зумрае...

Метавон аз кӯлмакҳо обро бар рӯ заду гуфт:
Обрӯи ман ҳамин аст!
Метавон як умр саргин чиду гуфт:
Пешаи ман беҳтарин аст!

1
Абас – беҳуда.
2
Абас – туршрӯӣ.
Абас – пору, саргин.

пешина
аз 218
навбатӣ