Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лек бе имону бе нангу шараф
Зиндагонӣ ҳайфи инсон аст!
Домани гардуну ҳастӣ аз барои одамизод
Ҷилвагоҳи ҳиммату шон аст!

Домани гардун на он майдони дуниву забунист,
Балки майдони сарфарозист,
Балки ҷавлонгоҳи мардон аст!

Бо Худо гуфтан ба лаб, имони ту пайдо нахоҳад шуд, Роҳи ӯ бар даргаҳи покаш ба ҳар кас во нахоҳад шуд, То Худо дар дил набошад.
1 Одами тарсу, таассубхез, дар банди хурофот Ҳар куҷо бошад, ба банди дигарон аст, Ваҳму тарсу сархамӣ пеши ҷаҳолат Бар сараш бори гарон аст...

Сар деҳ, эй нодон, гиребони маро!
Ин гиребони худи туст!
Аз гиребони ҷаҳолат гир, к-ӯ
Душмани ҷони худи туст!

Эй асолатҷӯ, ҳама рафтанд!
Ту худат мондӣ, пиёда,
Дар миёни роҳ танҳо
Бар ҳақиқат тан надода!

Рахш ҳам бигрехт, Рустам ҳам бирафт,
Ханҷари худро ниҳода...

Аз сухан, аз гап ба ҷойе мерасид,
Миллати мо дар Сурайё буд,
Миллати мо миллати маъно,
Миллати фазлу муросо буд...

Хурофот – сафсата, гапи бемаънӣ, мавҳуми беасос.

пешина
аз 218
навбатӣ