Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лек ин дарди хурофот,
Миллати моро басе ҳам дошт маҷзуб,
Миллати моро ба банди макр овард,
Асрҳояш кард саркӯб...

Миллати худкуш, на душманкуш!
Миллате, ки бас ҷасур андар сари хеш аст,
Лек тарсу пеши дигарҳост!
Миллате, ки дар ҳамин асри тамаддун ҳам
Бори ӯ (маъзур медоред) андар дӯши харҳост.

Хез боре аз сари нанг, аз сари ор,
Он мани мадфуни худро
Аз вуҷуди танг, аз гӯри танат буброр!

Эй куҳанмиллат, куҳанмеҳан!
Миллати фарзонаву фарзодаи ман!
Пир гаштиву шудӣ бе пир?!
Чун ба оз афтодаӣ, озодаи ман?!

Ҳарф мегӯӣ ту аз номи Худованду Расул,
Ҳарф мегӯӣ ту аз номи бузургони ватан.
Рӯдакиву Бӯаливу Балъамӣ
Асрҳо буданд наҷми анҷуман.

Лек ҳайфо!
Гар сарат аз ифтихор афрохта
Бар сари чархи барин аст,
То ба зону пойи ту ғӯтида дар лойи замин аст!
Эътимоду эътиқоду боварат
Бар фиребу макр, бар ҳайфу ғабин аст!
Бар дурӯғин фолбин аст!..

Эй Худованди кариму меҳрубон!
Раҳм кун ин миллати фархундаро!!
Аз ниҳоди ӯ барор акнун, барор
Ин палид, ин заҳрогин ғундаро!!!

пешина
аз 218
навбатӣ