ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Инак, сутуни сабри саропои хешро,
Дар пояҳои Кохи Ватан устувон кунам.
Аз устухони худ бикунам устувонаҳо,
То кохи эътибору шукӯҳи замон кунам…
Аз сангҳои сахти кӯҳистони сахтҷон
Аз ашки сангбастаи мардони кӯҳсор,
Аз хоки ишқ, хоки алам, хоки дард, дард…
Кохи туро, Ватан, бикунам боз устувор.
Инак, сутуни тоза тарош аз вуҷуди хеш,
Девори нангу ори мадори диёр шав.
Он кохи ёдгор туӣ, хешро бисоз,
Ҳамчу шукуҳи меҳани худ пойдор шав.
22.01.2011. Хоҷа Оби Гарм
МАСТЕ ДАР РОҲ АСТ...
Меравад аз роҳ масте,
Меравад аз роҳ масте,
Масти масти маст,
Масти маст…
Меравад аз кӯчаҳои умр,
Чун навои умр…
Меравад афтону хезон,
Аз худ, аз олам гурезон,
Меравад аз роҳ масте,
Мебарад мастона ҳастиро,
Мебарад чун муждаи боландагӣ
Ин шааф, ин шӯру мастиро.
Меравад арғушт бо чархи фалак,
Меравад арғушт бо моҳу малак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё