Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Менавардад рӯҳу роҳи ростинро,
Гирдгардон, гирдгардон,
Гирд мегардонад ӯ чархи баринро,
Гирд мегардонад ӯ бо худ заминро.

Бас хушам меояд аз ин сон раҳо будан,
Берун аз олам, бурун аз қайду аз бухлу риё будан,
Ин ҳама боландагиро дар намо будан…

Меравад сармасту механдад
Бо матои хандаҳояш
Бар таассуб, бар тақаллуб, бар дурӯғи одамиён
Парда мебандад.

Дар намози ҳастии афтону хезонаш,
Дар намози ҳастии буду набудаш
Вақтро механдаду бар хок меорад суҷуд.
Бар ту, эй масти шааф, аз ман дуруд!

Меравад, балки гурезон аст
Аз дурӯғ, аз макру аз ғамҳои ҳастӣ,
Бори дигар ҳам зи ман бодо дуруд
Бар чунин мастӣ!

Оҳ ман, к-аз ҷомҳои лоязолӣ хӯрдаам,
Оҳ, ман ҳам масти маст, афтону хезон
Хешро аз кӯчаҳои эътиқодам бурдаам…

Меравад аз роҳ масте,
Дар хаёлам ҳамдаму ҳамроҳи ӯ ҳастам.
Чунки ман ҳам
Дар раҳи васли худам афтодаву н-афтода гоҳо
Аз сухан, аз ишқ, аз завқи яке дидори воло
Масти мастам…

Рез бар ман, рез бар ман, рез!
Ҷоми заррини муҳаббат

пешина
аз 218
навбатӣ