ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар сари дастам.
Рез, ман мастам,
Рез, ман ҳастам…
Меравад аз роҳ масте,
Ҷисми ӯ ҳарчанд дар рӯи замин аст,
Асли ӯ гӯё, ки дар чархи барин аст.
Меравад каҷҷу килеб, аммо
Ӯ ягона раҳгузори ростин аст.
Меравад аз роҳ масте,
Масти масти маст…
Дигарон гар бар замин по мегузоранд,
Бар замин ӯ сар бимонад,
Бар ҳаво ӯ по гузорад,
Балки поро бар сари дунё гузорад.
Муттакояш ҷуз ҳаво нест, Раҳнамояш ҷуз Худо нест, Роҳи ӯро то фалакҳо интиҳо нест…
29.01.2011
ХОКБОРИШ
Хокбориш, хокбориш…
Медарояд бе иҷозат аз дари мо,
Хоки маҳшарро бирезад бар сари мо…
Тира аз ӯ рӯзи рӯшан,
Хира аз ӯ кӯву барзан.
Ӯ авезон аст чун риши кулуфт
Дар бари рӯи ҳаво
Бо сад таровиш...
Кист аз боло, Худоё, кист
Мефишонад пойандози ба хок олудаашро
Бар сару бар гардани мо?!
Беибо ин гуна мерезад
Хоки моро бар сари мо?!
Дар паси ин рӯву ин риш,
Кист пинҳон?
Хок мерезад ба оши халқ,
Хок мепошад ба чашми одамон…?!
Дар паси ин хокбориш
Он қадар ҳангомаву шӯру шару чанг аст,
Хокбориш нест, балки тӯри найранг аст…
Барбарие аз биёбонҳои дур,
Мерасад гӯё чунин бедодгар?!
Бар сари ҳамдигаримон
Хокрезиҳои мо кам буд магар?!
Аз паси тӯри сиёҳаш
Офтоби мо наметобад,
Осмони мо ба чанги ӯст.
Он насими поки дерин
То дари мо раҳ намеёбад.
Хокбориш, хокбориш…
Ӯ бурун аз қайди қонун аст,
Бе лаҷому бе сару бе мағзу бе хун аст,
Ин балои нобаҳангом аз куҷост?
Аз дарун ё аз бурун аст?!
Аз кадомин дасти афсун аст?!
Мебиёяд ҳар гаҳе хоҳад,
Чун балои осмонӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё