Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АРЧАИ КУҲ

Арчаи кӯҳам, ба сад орангҳо рӯидаам,
Ҳамчу фарёд аз канори сангҳо рӯидаам.

Ҷисми ман чун парчами сабзи ҳазорон орзуст,
Не барои ҳезуми беҳангҳо рӯидаам.

Як ба як бибридаву бурданд ёрони маро,
Дасти муште бар сари ин дангҳо рӯидаам.

Дар фазои покҷонӣ чор фасли сол сабз,
Бо ҳамин фар, аз ҳамин фарҳангҳо рӯидаам.

Осмонро рӯи дастонам гирифтам бедаранг,
Бар даранги ишқ, дар ин нангҳо рӯидаам.

Жандапӯшӣ нест андар суннати озодагон,
Дар бари аржан пайи аржангҳо рӯидаам.

Парчами сабзи вуҷуди ман далели фитрат аст,
Чун пару боле ба ранги рангҳо рӯидаам....

БЕРУН БАРОР

Аз вуҷудат дардро берун барор,
Аз танат номардро берун барор.

Гирди худ то чанд чархак мезанӣ,
Аз танат номардро берун барор.

Хуни худро зеби рухсорат бикун,
Ранги рӯйи зардро берун барор.

Гарм шав дар гулхани гулвожае,
Ин ҳавои сардро берун барор...

Дар ҷаҳон номард бисёр аст, ту
Аз ниҳодат мардро берун барор.

пешина
аз 218
навбатӣ